Ҷашни 600- солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар Тошканд
Душанбе, 2.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 28 ноябри 2014 дар шаҳри Тошканд бахшида ба бузургдошти 600-солагии Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, шоир ва нависандаи маъруфу хушкаломи Машриқзамин маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур, ки дар толори асосии бинои Маркази байналмилалии фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо шуд, аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, устодону донишҷӯён, толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.Аҳли маҷлиси тантанавӣ хидматҳои шоистаи ин адиб ва олими забардасти тоҷику форсро, ки ба хазинаи тамаддуни инсоният саҳми босазо ва аз худ номи нек ба ёдгор гузоштааст, басо муҳим донистанд. Нақши ин абармарди сухан дар ғанӣ гардонидани фарҳанги ҷаҳонӣ ва ташаккули ғояҳои тарбиявӣ (бо ишора ба шоҳасари тарбиявӣ-ахлоқии ӯ “Баҳористон”) баланд арзёбӣ гардид. Тамоми офаридаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бар васфи инсони комил ва бар манфиати мардумони гуногунтабақа бахшида шудаанд, ҳамчун нақши шоёни ин суханвари фарзона дар таҳкими арзишҳои волои дунявӣ, ба монанди инсонпарварӣ, меҳандӯстӣ, ватанхоҳӣ, дӯстии содиқона, ҳамсозӣ ва ҳамбастагии халқҳо маънидод гардиданд. Осори манзуми ин ҳомии қудрату фазилати муқаддастарин фарди ҷомеа зан-модар бо мисраъҳои:Сар зи модар макаш, ки тоҷи шарафГарде аз роҳи модарон бошад.Хок шав зери пойи ӯ, ки биҳиштДар қадамҳои модарон бошад мавриди ситоиш қарор гирифт.Мактаббачагон аз эҷодиёти гуногунжанру пурмуҳтаво ва осори гаронқадри Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ қироат намуданд. Овозхонони маъруфу мумтози тоҷикзабони Ӯзбекистон Мунира Муҳаммедова ва Гулчеҳра Бақоева бо сурудҳои дилнишини худ ба маҳфил шукуҳу ранги хосса ва ҳусни идона бахшиданд.Ҳамчунин бахшида ба бузургдошти 600- солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон китобҳои “Рисолаи арӯз” ва “Абдураҳмон Жомийнинг ижод олами” ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ чоп гардид, ки дар онҳо мақолаҳои шоирону нависандагон ва дигар аҳли илму фарҳанги кишвари дӯст ҷамъоварӣ гардидааст.Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон М. Ҳусейнов низ саҳми арзандаи ин гуҳаршиноси забардастро дар таҳкими робитаҳои анъанавии дӯстонаю фарҳангии ду халқи бародар баланд арзёбӣ кард. Дар бораи қадрдонии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишварамон сухан ронда, ташаббуси Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи эълон гардидани соли 2014 дар Тоҷикистон ҳамчун соли Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар ин робита барпо намудани як силсила чорабиниҳои мухталиф дар саросари кишвар ва фаротар аз он махсусан таъкид гардид. Чунин ҳамоишҳои илмию адабии муштарак посухгӯи тақозои замон номида шуданд. Гуфта шуд, ки нишастҳои фарҳангӣ мардумони ду кишвари ҳамҷаворро наздиктар карда, ҳамчун пул дар масири таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона хидмат менамоянд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






