Ҷоизаҳои ВКД ба варзишгарон
Хоруғ, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар толорҳои варзишии шахри Хоруғ наздики се ҳафта сабқатҳо аз намудҳои мухталифи варзишӣ дар миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон идома дошт ва ғолибон дар ҳузури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Бузмаков муайян ва бо мукофот сарфароз гардиданд.
Ин сабқат бо ибтикори вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят се ҳафта қабл оғоз гардида, наврасону навҷавонон дар се намуд- волейболи мардонаю занона, гӯштини тарзи озод бо ҳам рақобат намуданд.
Раиси вилоят қабл аз супурдани мукофот ба мураббиён, ғолибон ва ҳамаи иштирокдорони мусобиқаро ба хотири ширкати фаъол ва ҷолибу шавқовар доир кардани он изҳори сипос карда, гуфт, ки яке аз ҳадафҳои чунин чорабиниҳо- ин оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков аз номи вазири корҳои дохилӣ ғолибонро табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ғолибони имрӯзаи сабқат дар оянда ба қуллаҳои баланди варзишӣ мерасанд ва шарафи миллату ватани худро боз ҳам баланд мебардоранд.
Дар сабқатҳо аз намуди волейболи занона мақоми аввалро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ишғол намуданд. Дар намуди волейболи мардона пирӯзӣ насиби тими мунтахаби ҷавонони шаҳр гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






