Ҷоиза ба рӯзноманигори беҳтарин
Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Натиҷаҳои озмуни қаблан эълонгардида доир ба инъикоси раванди татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон (СБСНМТ) барои солҳои 2013-2015», ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ миёни намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ эълон шуда буд, баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҷамъомади мазкур муовини вазир Умед Давлатзод баргузории озмунро ҷиҳати иттилоотонии ҷомеаи кишвар аз натиҷаҳои татбиқ гардидани стратегия ва барномаҳое, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар озмун, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ шуруъ гардид, намояндагони васоити ахбори омма фаъолона ширкат варзида, бештар аз 40 маводро дар жанрҳои мухталифи журналистика пешниҳод намуданд. Баъди баррасии амиқи ҳайати ҳакамон, ки аз рӯзноманигорони касбӣ ва мутахассисони дахлдори вазорат иборат буд, беҳтарин мавод аз рӯи номгӯйҳои муайяншуда интихоб гардид.
Аз рӯи номгӯи “Маводи беҳтарини чопӣ” Неъматуллои Худойбахш аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷойи аввал ва Абдусаттор Абдуҷабборов аз «Садои Конибодом»ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Ғолиби номгӯи “Беҳтарин маводи интернетӣ” Абдукарим Раҷабов -хабарнигори «Сомонаи Фараж» гардид. Дар номгӯи “Барномаи беҳтарини радиоӣ” ба Шоиста Раҳимова аз «Радиои Тоҷикистон»- ҷойи аввал, Раҳимҷон Аҳмедов аз «Садои Хуҷанд»- ҷойи дуюм ва Гулнора Насриддинова аз Радиои «Садои Душанбе»- ҷойи сеюм сазовор дониста шуд, инчунин дар номгӯи “Барнома-намоиши беҳтарини телевизионӣ” Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз шабакаи аввали ТВ Тоҷикистон ғолиб эълон гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






