Ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони тоҷик дар соли 2014
Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Имрӯз дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони тоҷик дар соли 2014 баргузор мегардад. Дар маросим ба варзишгари беҳтарини сол Дилшод Назаров ва ба онҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои варзишии худ дар мусобиқоти имсолаи ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ бо назархоҳии хабарнигорони соҳа ба рӯйхати даҳ нафар беҳтаринҳо дохил шудаанд, диплому ҷоизаҳои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар супурда мешавад. Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2014 эълон кардааст. Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин Залимхон Юсупов (гӯштини озод), Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов, Моҳрӯ Ҳалимова (ҳарсе дар таэквондо ВТФ), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо), Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов (ҳарду дар самбо), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гӯштини кураш) ва Акмал Қодиров (армрестлинг) дохил шудаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






