17 январ-бозии нахустини дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январи соли оянда бо ширкати 12 даста дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад, дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо дастаи Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқа футболбозони 20-сола ва аз он хурд дохил мешаванд. Дар Ҷоми Иттиҳод, ки барои бори 23-юм барпо мегардад, ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дастаҳои ҷавонони Финляндия ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






