18 декабр- Рўзи байналмилалии муҳоҷир
Душанбе, 18.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрўз, 18 декабри соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир бо иштироки роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, роҳбарияти Намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, намояндагони Созмони байналмилаии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Созмони байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазорати рушди байналмилаии Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон, рўзноманигорону муҳаққиқони соҳаи муҳоҷират, инчунин воситаҳои ахбори омма чорабинии ботантана баргузор гардид. Сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев дар бораи фаъолияти хадамот ва иҷрои бандҳои Конвенсияи байналмилалии Созмони миллали муттаҳид (СММ) дар бораи ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуд.Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалии СММ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 7 сентябри соли 2000-ум ба имзо расонид, ки он соли 2001-ум эътироф гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, нисбат ба Тоҷикистон аз соли 2002 қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд. Тавре ки аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии хадамот иттилоъ доданд, Анвар Бобоев доир ба дастоварҳои Хадамоти муҳоҷират дар тўли соли 2014 ва таҳияи лоиҳаҳои як силсила созишномаҳо бо Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ёдовар шуд. Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба таҷлили ин сана ва аҳамияти таърихии ин рўз дар ҷаҳон баён доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






