30,5 млн. тангаи филизӣ дар гардиш қарор дорад
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Бо мақсади такмили сохтори низоми пулии ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмин намудани эътимоднокӣ ва устувории он аз 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 2, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам, барориши соли 2001 ба муомилот бароварда шуданд.
Дар айни замон бо қарорҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои соли бароришашон 2001, 2006 ва 2011 бо арзиши (1,3,5 сомонӣ ва 1,2,5,10,20,50 дирам), ки ба муомилот бароварда шудаанд, баробар гардиш менамоянд ва дар ҳаҷму номиналҳои зарурӣ мавҷуданд. Дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ ба қадри зарурӣ сари вақт таъмин мегарданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар айни замон дар муомилоти ҷумҳурӣ маблағи 30,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ дар гардиш қарор дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






