4 медали варзишгарони наврас дар Кипр
Душaнбе, 8.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони 14-16-сола, ки дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор гардид, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ хабар додааст, дар сабқати писарон Илҳомҷон Ҳофиззода (дар вазни 66 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг) бо медалҳои нуқра, Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Инчунин дар сабқати духтарона Шоҳида Қаландарова дар вазни 56 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Гуфта мешавад, ки дар сабқати ҷаҳонӣ байни наврасон шарафи Тоҷикистонро Каюмарс Норов (51 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг), Муҳаммадшо Беков (59 кг), Илҳом Ҳофиззода (66 кг), Муҳаммадризо Қурбонов (84 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг), инчунин миёни духтарон Шоҳида Қаландарова (56 кг) ҳимоя карданд. Дар сабқати ҷаҳонии донишҷӯён, ки рӯзҳои 7- 8-уми декабр баргузор мешавад, Тоҷикистонро Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг), Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






