40 дақиқа вақти эфири ройгон барои аҳзоби сиёсӣ
Душанбе, 12.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҷаласае, ки имрӯз таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як силсила масъалаҳои мубрами марбут ба баргузории интихоботи парлумонӣ, ки 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, баррасӣ шуда, доир ба онҳо қарорҳои марбута қабул гардиданд.
Дар ҷаласаи КМИР масъалаҳои таъсиси Маркази матбуоти КМИР, ташкили гурӯҳҳои кории Комиссия оид ба баррасии арзу шикоятҳо ва таъмини фаъолияти нозирони байналмилалӣ, муқаррар намудани тартиби аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ ва бақайдгирии нозирони миллӣ, шакл ва ҳаҷми ягонаи плакати иттилоотии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва шахсони боэътимоди онҳо, дар бораи гарави интихоботӣ ва ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Бо қарори дахлдори КМИР Маркази матбуот дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ созмон дода шуд, ки ба он як гурӯҳ рӯзноманигорони варзида шомил гардиданд.
Инчунин гурӯҳҳои кории КМИР оид ба баррасии арзу шикоятҳо ва таъмини фаъолияти нозирони байналмилалӣ таъсис дода шуданд.
Тартиби аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ ва бақайдгирии нозирони миллӣ, шакл ва ҳаҷми ягонаи Плакати иттилоотии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо муқаррар гардид.
Ҳамзамон бо қарори КМИР муқаррар шуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа, ба ҳар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо то 20 дақиқа барои баромад аз тариқи яке аз шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ вақти эфири ройгон ҷудо намояд.
Доир ба масъалаи гарави интихоботӣ зикр шуд, ки номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот ва ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, мутаносибан ба ҳар номзади пешбаришуда, баъд аз муайян шудани мувофиқаташон ба Конститусия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба миқдори 4000 (чор ҳазор) сомонӣ гарави интихоботӣ месупорад. Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда, гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад.
КМИР бо қарори дахлдори худ ҳамчунин барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 ҳавзаи ҳудудии бисёрмандатии интихоботӣ ташкил намуд, ки дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва дар Душанбе 2 ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ, аз ҷумла барои ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгир мешаванд.








Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






