5,6 фоиз афзудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар
Душанбе, 1.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Сарфи назар аз тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъияти сиёсӣ дар як силсила кишварҳои дуру наздик, инчунин паст гардидани нархи молҳои асосии содиротӣ (алюмин ва нахи пахта) дар бозори ҷаҳонӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувории иқтисодиёти мамлакат дар соли равон ба назар мерасад. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Замира Кокова ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем:
-Мегуфтед, ки барои таъмини рушди саноат аз ҷониби Ҳукумати кишвар кадом барномаю корҳои амалӣ анҷом дода шудаанд?
-Дар нуҳ моҳи соли равон Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар мамлакат ба 31596,7 млн. сомонӣ бо афзоиши реалии 6,9 фоиз баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 3995,2 млн. сомонӣ ё 14,4 фоиз бо ҳисоби номиналӣ зиёд гардидааст.
Бо мақсади таъмин кардани рушди соҳаи саноат аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ якчанд барномаи соҳавӣ қабул ва тадбиқ шуда истодааст ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои маблағгузории бевосита оид ба ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ ва содироти он чораҳои иловагӣ амалӣ гардида истодаанд. Қобил ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ба маблағи 7080,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 (бо нархои муқоисавӣ) 388,5 млн. сомонӣ ё ин ки 5,6 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ин давра асосан бо афзоиши саноати коркард 63,0 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об 22,0 фоиз ва аз ҳисоби саноати истихроҷи маъдан 15,0 фоиз зиёд гардидааст.
Дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзии мамлакат ба як силсила натиҷаҳои назаррас ноил гардид: пеш аз ҳама болоравии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи муносибатҳои бозаргонӣ, зиёдшавии маҳсулнокӣ ва ҳосилнокии меҳнат, ба роҳ мондани диверсификатсияи зироатҳои кишоварзӣ, таъмини озодӣ ба деҳқон дар интихоби кишт ва фурӯши зироат, марказҳои хизматрасонӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар аз ҷумлаи рушди баробари соҳа ба шумор меравад. Маврид ба зикр аст, ки дар нуҳ моҳи соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ бо назардошти ҳамаи дараҷаҳои хоҷагӣ 13963,7 млн. сомонӣ (бо нархҳои ҷорӣ)-ро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 фоиз зиёд мебошад.
Вазни қиёсии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нуҳ моҳи соли равон 44,1 фоизро ташкил намуд.
Барои мисол: аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 27,3 фоиз ба бахши чорвопарварӣ ва 72,6 фоиз ба бахши растанипарварӣ рост меояд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат ва дар ин замина фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст.
-Соҳибкорӣ низ аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиёт маҳсуб мешавад. Дар мавриди ин масъала чӣ андеша доред?
— Бояд тазаккур дод, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон 14 октябри соли равон чунин изҳор кард: “Соҳибкорону сармоягузорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватан ба шумор мераванд”. Илова бар ин барои соҳибкорону сармоягузорон аз тарафи ҳукумат як зумра барномаҳо тарҳрезӣ шудаанд, ки бевосита дастгирии онҳоро тақозо менамояд, барои мисол: Бо мақсади соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ташкили фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз кам карда шуд. Дигар ин ки қабули «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 — 2020» дар соҳаи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ мебошад. Инчунин шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар мамлакат аз 146 ҳазори соли 2010 то ба 232 ҳазор дар соли 2014 расонида шуд, ки афзоиши он қариб 60 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи супоришҳои Президенти кишвар аз 1-уми январи соли 2013 Кодекси нави андоз дар таҳрири нав мавриди татбиқ қарор дода шуд. Дар кодекси мазкур барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ зиёда аз 240 имтиёз пешбинӣ гардид.
Як нуктаи муҳимро бояд зикр намуд, ки маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- сохтмон дар ин давра (январ — сентябри 2014) афзоиш ёфта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ (давлатӣ, муштарак, шахсӣ ва хориҷӣ) 4821,6 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127,4 фоиз (бо назардошти нархҳои муқоисавӣ)-ро ташкил менамояд, ки дар ин кор саҳми соҳибкорон хеле назаррас мебошад.