Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Чин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳунармандони чинӣ пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешавад.
Дар назар аст, ки дар доираи рӯзҳо вохӯрии вазирони фарҳанги ду давлат доир гардад. Инчунин меҳмонон мавзеъҳои фарҳангӣ-таърихии шаҳри Душанберо тамошо мекунанд. Ҳамзамон меҳмонон ба шаҳри Бохтар сафар намуда, ба сокинони он барномаи фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.
Муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиатҳои дарозмуддати ду мамлакат ва мардуми онҳо ҷавобгӯ буда, ба таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешавад.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






