896 нафар сокини Ванҷ шаҳрвандии Русияро қабул намуд
Душанбе, 23.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба иттилои мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар дар ноҳия Ванҷ З.Назруллоев аз моҳи август то 15 декабри соли 2014 ба бахши хадамот 218 нафар барои санҷиши воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русия муроҷиат намудааст. Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки аз теъдоди умумӣ 78 нафар берун карда шуд.
Дар ин давара кормандони бахш барои ба рўйхатгирии муҳоҷирони меҳнатии ноҳия дар хориҷи кишвар ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сафарбар гардиданд.
Тибқи ба рўйхатгирии кормандони бахш дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот, дар айни замон 4 ҳазору 183 нафар сокинони ноҳия дар хориҷи кишвар фаъолият дошта, аз ҷумла 4 ҳазору 154 дар Федератсияи Русия, 2 нафар дар Қирғизистон, 6 нафар дар Қазоқистон, 8 нафар дар Украина ва 13 нафари дигар дар давлатҳои ИДМ.
Ба иттилои сарчашма 896 нафар сокини ин ноҳия шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул намудааст..
Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 3733 нафар мард ва 450 нафар зан мебошад.
Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия барои 20 нафар сокини ноҳия, ки нияти ба Русия рафтан дорад, курси омўзиши забони русӣ ташкил гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






