А. Қодирӣ: Мактаби вилоятии футбол таъсис мешавад
Душанбе, 30.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мавсими имсолаи чемпионати миллии мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар чемпионати мазкур дастаи «Хуҷанд» — и Хуҷанд бо гирифтани 32 имтиёз мақоми чорумро ишғол кард.
Бо мақсади баррасии фаъолият, бурду бохт ва тарҳрезии нақшаҳо дар мавсими навбатӣ 29 декабр мулоқоти раиси вилояти Суғд бо ҳайати клуби футболи «Хуҷанд» баргузор гашт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят бо роҳбарият ва ҳайати дастаи «Хуҷанд» — и Хуҷанд мулоқот намуд, ки ҳадафи он шиносоии наздик бо фаъолият ва бурду бохти даста дар мавсими имсолаи чемпионати мамлакат буд.
Раиси вилоят зикр дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри дастгирии намудҳои гуногуни варзиш, хосса футбол тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Таъкид гардид, ки барои ҳунарнамоии хуби футболбозон шароити лозимӣ фароҳам оварда шуд. Новобаста ба ин, ҳунарнамоии футболбозони даста ва сазовор гаштан ба мақоми чорум ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Вобаста ба бартараф намудани мушкилоту муаммои ҷойдошта ва дар оянда ноил гаштан ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ мулоқоти ошкорои роҳбари вилоят бо бозингарону мураббиён, мухлисон ва собиқадорони соҳа ба вуқӯъ пайваст.
Бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолияти минбаъдаи даста, дар ҳайати роҳбарикунандаи он тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуда, ба вазифаи директори даста номзадии Рустам Марофиев пешниҳод гардид. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар давоми соли оянда бо мақсади ривоҷи футбол дар вилоят мактаби вилоятии футбол таъсис мешавад, ки баҳри тарбияи варзишгарони бомаҳорат хизмат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






