Аҳамияти сиёсати «дарҳои боз» дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Декабрь 9, 2014 16:46

Душанбе, 9.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият давраҳои ташаккул ва такомули худро аз сар гузаронида, бо гузашти беш аз ду даҳсола имрӯз мо метавонем дар атрофи як таҷрибаи амалии он суҳбат намоем. Мувофиқи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сармутахассиси раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ  Парвиз Шамолов ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем:
-Мегуфтед, ки сиёсати «дарҳои боз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом поя асос ёфтааст?
-Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии кишварро ҳифзи манфиатҳои миллӣ ташкил медиҳад. Аз нигоҳи методологӣ сиёсати мазкур бар пояи прагматизми сиёсӣ ва иқтисодӣ асос ёфта, масъалаҳои муносибат бо ҷаҳони берунӣ маҳз дар доираи он сурат мегирад. Тавре ки Президенти кишварамон дар кушодашавии бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид намуд, дар шароити имрӯза «сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муҳтавои прагматикӣ ва вокеъбинона дошта бошад ва бо татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат намояд». 
Дар канори якдигар гузоштани ин ду нуктаи муҳим, яъне ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истифодаи прагматизм дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз интихоби сиёсати « дарҳои боз» ё сиёсати бисёрсамтӣ дар ин марҳилаи таърихӣ метавонад манфиатҳои миллии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Таҷрибаи ду даҳсолаи гузашта нишон медиҳад, ки маҳз ҳамкории фаъол бо кишварҳо дар самти гуногун имкон додааст, ки Тоҷикистон ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва иқтисодиро ба тадриҷ татбиқ карда, муҳимтарин масъалаҳои марҳилаи гузаришро ба таври зарурӣ ҳал намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар сиёсати бисёрсамтии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия ҷойгоҳи махсус дошта, он ҳамчун яке аз самтҳои асосӣ ва яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии мо ба ҳисоб меравад.
-Дар мавриди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва самтҳои он чӣ гуфта метавонед?
-Ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ низ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон як самти муҳим мебошад ва барои таъмини манфиатҳои миллии кишвар нақши ҷиддӣ дорад. Дар ин самт бо Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Чин, кишварҳои Шарқ ва ғайра таҷриба ва анъанаҳои устувори ҳамкориҳо ҳосил шуданд, ки барои ҳалли муваффақи як силсила масъалаҳои муҳим қабл аз ҳама масъалаҳои иқтисодӣ равона шудаанд.
Барои мисол: Иттиҳоди Аврупо дар доираи стратегияи иқтисодии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъан ҳудуди 400 млн. доллар сармоягузории гуногунсамт пешбинӣ намудааст.
Маҷмӯи кумакҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ барои дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳои кишвар бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки рушди Аврупо ва ғайра низ аҳамияти муҳим дорад. 
Бояд зикр намуд, ки танҳо аз соли 2010 то нимаи соли 2014 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 15 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки зиёда аз 6,5 милрд. сомонии онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. 
Ҷумҳурии Мардумии Чин низ дар таъмини манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дошта, ҳамчун яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Ҳамин аст, ки ҶМЧ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми бениҳоят калон дорад, барои мисол сармоягузориҳо дар бахши барқарорсозии роҳҳо, нақбҳо ва дигар иншоотҳои мухими давлатӣ равона шудаанд, танҳо дар доираи ҳамкориҳои  СҲШ аз тарафи Чин 212, 7 млн доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст. Қобил ба зикр аст, ки дар соли равон аз тарафи ҶМЧ 6 млрд. долари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон барои се соли оянда пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо пеш аз ҳама ба соҳаи энергетика, кишоварзӣ нақлиёт ва коммуникатсия, маориф ва илм, инчунин барои  сохтани лӯлаи газ, ки аз қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистону Чин мегузарад,  равона мегардад, ки ҳамаи ин аз сиёсати «дарҳои боз» сарчашма мегирад. 
Илова бар ин дар доираи сиёсати «дарҳои боз» ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад.  Масалан , имрӯз дар ҳамкорӣ бо Эрон, ки яке аз шарикони асосии минтақавии мо мебошад, маҳз дар самти иқтисодӣ дастовардҳои муҳиме ҳосил шуданд. Сохтани неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», нақби «Истиқлол» ва тадбиқи як силсила тарҳҳои миёнаҳаҷм Эронро дар сафи се сармоягузори аввали иқтисодиёти Тоҷикистон қарор додааст.
Ногуфта намонад, ки яке аз дастовардҳои муҳими мо дар сиёсати «дарҳои боз» ин аъзои комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон аст.
Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки дар муддати ду даҳсолаи татбиқи сиёсати «дарҳои боз» маълум гардид, ки он  сиёсати муваффақомез буда, дар ҳифзу таъмини манфиатҳои миллӣ ва пеш аз ҳама рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоштааст.
 
 

Декабрь 9, 2014 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад