А. Иброҳимӣ: «Нақши Тоҷикистон дар пуштибонии Афғонистон бузург аст»
Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Шоми дирӯз Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Вулус Ҷирга (парлумон)-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимиро ба ҳузур пазируфт. Пас аз мулоқот Абдуррауфи Иброҳимӣ андешаҳояшро ба намояндагони васоити ахбори омма чунин баён намуд:
«Нақши Тоҷикистон, хусусан саҳми бевоситаи Сарвари Давлати тоҷикон Ҷалолатмаоб, Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз манфиатҳои Афғонистон дар минтақаву ҷаҳон ва ҳам ба дӯстию ҳамсоягии ду кишвари ҳамфарҳанг хеле бузург аст. Аз номи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон арзи сипос менамоям».
Абдуррауфи Иброҳимӣ аз судмандии мулоқоташ бо Президенти Тоҷикистон ва ҳамкориҳои миёни сохторҳои ду кишвар, аз ҷумла соҳаи амният ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аз ҳамкории хуби сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳори қаноат карда, гуфт, ки парлумонҳои Тоҷикистону Афғонистон ба густариши ҳамкориҳо дар ин бахшҳо тавваҷуҳи зиёд зоҳир хоҳанд кард.
Дар ниҳоят раиси Вулус Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иброз намуд, ки сафари кунунӣ як сафари бисёр муваффақ ва босамар барои манфиати ҳарду кишвар хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






