“Адабиёти халқҳои ИДМ” ба табъ расид
Душанбе, 20.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Аз тариқи нашриёти “Нури маърифат” дар шаҳри Хуҷанд дастури таълимию методӣ таҳти унвони “Адабиёти халқҳои ИДМ” ба нашр расид.
Тавре ки дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, китоби мазкур аз тарафи профессор Неъматҷон Файзуллоев таҳия гардида, дар он таъкид шудааст, ки адабиёти халқҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки феълан дувоздаҳ адабиёти бадеии ин ҷумҳуриҳои собиқро фаро гирифтааст, таърихи басе қадима дошта, аз бойтарин ва шукӯҳмандтарин адабиёти бадеии олам маҳсуб мегардад.
Бо ин сабаб омӯзишу таҳқиқи таърихи ғановатманди адабиёти халқҳои ИДМ зарур буда, амалӣ гаштани он ба густариши завқу тафаккур ва вусъати доираи назару ҷаҳонбинии муҳассилин зиёда мусоидат мекунад ва дониши филологии онҳоро таҳким мебахшад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






