Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард
Душанбе, 22.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Аз моҳи январ то моҳи ноябри соли равон дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард 6024 миллион сомониро ташкил дод.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, индекси истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард баробари 9 фоиз афзудааст.
Ҳамзамон тайи давраи гузашта дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли маводи ғизоӣ 6,2 фоиз, равғани растанӣ 2,9 фоиз ва арақ 8 фоиз коҳиш ёфта, истеҳсоли чарму маснуоти чармин 1,1 фоиз ва пойафзол 1,2 фоиз кам гардид.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, аз моҳи январ то моҳи ноябри соли равон истеҳсоли маҳсулоти нафт 14,3 фоиз зиёд гардида, дар ҳамин давра истеҳсоли маҳсулоти ғайрифулузотӣ ва минералӣ 2,4 баробар афзудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






