Аксари номзадҳои ҲИИТ доктори илмҳои иқтисоданд
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон /ҲИИТ/ дар Анҷумани 5-уми худ, ки 13 декабр дар Душанбе баргузор гардид, 6 нафарро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд, ки аксарияти онҳо доктори илмҳои иқтисод мебошанд.
Анҷумани мазкур таҳти раёсати раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ҷараён гирифта, дар он масъалаҳои мубрами марбут ба фаъолияти ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои маъракаи пешазинтихоботӣ матраҳ гардиданд.
Дар анҷуман дурнамои фаъолияти ҳизб ва фаъолияти иттиҳодияю ташкилотҳои ибтидоии он дар давраи пешазинтихоботӣ муайян шуданд. Иштирокчиёни анҷуман бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи ҳизб ҳайати нави роҳбарӣ ва раёсати ҳизбро бо аксари овозҳо ҷонибдорӣ намуданд. Зикр шуд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба таври шаффофу демократӣ, бо риояи талаботи Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ баргузор хоҳад гашт.
Бояд тазаккур дод, ҲИИТ 31 ҳазору 169 аъзо дошта, дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкилотҳои ибтидоии он фаъолият дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






