Амалиёти «Биёед, китоб мехонем!» дар қисми ҳарбии 17651
Душанбе, 06.12.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии «Биёед, китоб мехонем!» ба китобхонаи қисми ҳарбии 17651 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 300 адад китоби гуногун дастрас шуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии 17651 ва 12019 муовини якуми раиси кумита Мавсума Муинӣ онҳоро ҷиҳати аз худ кардани илму маърифат, баланд бардоштани савияи дониш ва хизмати содиқонаву фарзандона ба Ватан-Модар ҳидоят намуд.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдом аз тарафи кумитаи мазкур бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигоҳдории китоб ва бар ин васила талқини онҳо ба хулқу атвори инсонӣ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар айни замон аз ҳисоби кормандоникКумита ҳудуди 17000 китоби гуногуни бадеӣ ҷамъоварӣ шуд, ки тибқи нақша он ба муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва қисмҳои ҳарбӣ расонида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






