Амирҷон 173 000 долларро куҷо мебурд?
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Кормандони минтақаи гумрукии фурудгоҳи шаҳри Душанбе чолокӣ ва таҷрибаи баланди корӣ нишон дода, боз як ҷинояти интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷиро пешгирӣ намуданд.Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар рафтор ва ҳаракатҳои мусофир Амирҷон Собиров, ки бо хатсайри Душанбе-Урумчи парвоз мекард, амалҳои шубҳанок мушоҳида шуд ва ӯ мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.Дар натиҷа муайян гашт, ки номбурда мехост миқдори калони асъори хориҷии ИМА-ро дар ҳаҷми 172,987 (яксаду ҳафтоду ду ҳазору нуҳсаду ҳаштоду ҳафт) ҳазор доллари амрикоӣ, ғайриқонунӣ интиқол диҳад.Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






