«Амонатбонк»- сазовори ҷоизаи «Бонки сол» дар соли 2014

Декабрь 8, 2014 09:26

 
Душанбе, 8.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» сазовори ҷоизаи «Бонки сол» дар соли 2014 гардид. Ба иттилои маркази матбуоти бонки мазкур «Амонатбонк» дар соли 2014 пас аз анҷоми озмуни маҷаллаи молиявии «The Banker»-и Британияи Кабир миёни бонкҳо сазовори ҷоизаи «Бонки сол» гардид.
Озмун соле як маротиба миёни бонкҳо ва ташкилотҳои молиявию қарзии ҷаҳон баргузор мегардад ва БДА ҶТ «Амонатбонк» дар озмун иштирок намуда, сазовори ин ҷоиза гардид. Натиҷаи озмун 28-уми ноябри соли ҷорӣ пас аз овоздиҳӣ ва хулосаи ҳакамон дар меҳмонхонаи «Intercontinental-и Лондон муайян гардид.
Дар маросим меҳмонон аз 100 давлати ҷаҳон ширкат доштанд. Ҷоизаи маҷаллаи «The Banker» яке аз ҷоизаҳои олӣ миёни бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳон арзёбӣ мешавад.
Сазовори ин ҷоиза шудани БДА ҶТ «Амонатбонк» гувоҳи он аст, ки рӯз ба рӯз «Амонатбонк» мавқеи худро миёни бозори бонкии кишвар ва берун аз он устувор намуда, дар ҳамаи самтҳо фаъолиятро мустаҳкам менамояд. Дар заминаи боварӣ ба Бонк имрӯз сафи мизоҷон дар ҳамаи самтҳо зиёд шуда, гузариш ба хизматрасониҳои муосир ва ба талабот ҷавобгӯй будани фаъолияти кори бонк сабаби қадрдонӣ шудани «Амонатбонк» бо ин ҷоиза гардид. Пешравии асосии бонк аз рӯи пешниҳоди маҷаллаи «The Banker» ва сазовори ҷоиза шудани «Амонатбонк»- ин устувории сармоя ва хизматрасонии васеъ ба мизоҷон арзёбӣ шудааст.
 
 

Декабрь 8, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад