Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ
Хуҷанд, 13.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Аз 9 то 11-уми декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди гарнизони суғдии шимоли кишвар машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ доир шуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулини гарнизони Суғд иттилоъ доданд, дар машқҳои мазкур, ки бо ҷалби раисони шаҳру навоҳӣ, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва роҳбарони ҳолатҳои фавқулодаи ин минтақаҳо, масъулини раёсату шуъба ва ташкилотҳои вилоятӣ ҷараён гирифт, бевосита раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо иштирок намуданд.
Зимни ошноӣ бо шароити омӯзишӣ шахсони масъул А.Қодирӣ ва Ш. Мирзо ба ҷараёни баргузории ин машқҳо баҳои баланд доданд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни машкхо зимни баргузории ҷамъомади мудофиавӣ, ки дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони Суғд баргузор гаштанд, нахуст аз тариқи назариявӣ бо вазифаҳои фардии худ ошно шуда, баъдан бо тарзи дурусти истифодаи техникаву аслиҳаҳои гуногуни ҷангӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Зимни машқҳои омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокчиён, инчунин нозукиҳои ҳарбу зарб, истифодаи дуруст ва самараноки яроқу аслиҳаҳои гуногуни ҳарбӣ пешкаш гардида, ҳозирин бевосита донишҳои азбарнамудаи хешро дар амал татбиқ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






