АНМН: Зиёда аз 300 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз, 25 декабри соли 2014 дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор баргузор гардид.
Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 301 кг 396 гр маводи нашъаовар аз ҷумла: 170 кг 984 гр маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 122 кг 396 гр афюн; 8 кг 014 гр героин аз рӯи 16 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд баромадааст, бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
Чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






