Арчаи 20 метра бо усули муосир дар Хуҷанд
Душaнбе, 8.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- То 15 декабр корҳои омодагӣ ва ороишии арчаи солинавӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба итмом расонда шуда, барои сокинону меҳмонони маркази вилоят барномаҳои фарҳангӣ пешкаш мешаванд.
Дар асоси нақшаи таҳиягашта нахустин шуда озмун-фестивали солинавӣ байни 7 муассисаи таълимии олӣ ва миёнаи махсус доир мегардад. Ин муассисаҳо бояд барномаи ҷолиби силинавии фарҳангӣ омода намуда, манзури ҳаводорон ва ҳакамон намоянд. Баъдан аз 24 декабр ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарӣ, санъаткорони шинохтаи шаҳру вилоят дар назди тамошобинон пешбинӣ гардидааст.
Барномаи калони консерти солинавии ниҳоӣ ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун-фестивал шоми 31 декабр дар пояи арчаи солинавии майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор мегардад. Аз 15 декабр дар назди тамоми корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли моликият арчаи солинавӣ гузошта оро дода мешавад.
Арчаи марказии солинавии имсола 20 метр баландӣ дошта, бо усули хосаи муосир оро дода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






