Авбош дастгир шуд
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар боғи «Дӯстии халқҳо», воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ шахси номаълум тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, сокини ноҳияи Ҷиргатол Бахтиёр Шомуродов, соли таваллудаш 1986-ро лату кӯб карда, бо корди дар дасташ буда 3-4 маротиба ба бадани ӯ задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Шомуродов Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар авбошӣ шаҳрванд Сорбони Муқимзода, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Қӯшобаи ноҳияи Ҷиргатол дастгир шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






