Аёдати маъюбон фарз аст
Панҷакент, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мешавад, муовини раиси шаҳри Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ ва раиси ҷамъияти маъюбони «Дилсӯз» Ҳазратқул Облоқулов ба аёдати маъюбон ба хонаҳояшон рафта, ба ҳар кадоме як миқдор маҳсулоти хӯрокӣ, либос ва дигар лавозимоти рӯзгор тақдим доштанд.
Дар хона- интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, аз тарафи КМ «Зарафшон» дастурхони идона ороста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Панҷакент Абдулҳамид Саидов, имрӯз зиёда аз 4540 маъюб дар Панҷакент ба қайд гирифта шудааст, ки бо нафақа таъминанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






