Азми соҳибкорони шаҳри Чандуи Чин

Декабрь 12, 2014 13:18

Душанбе,  12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи  Шодмон).-  Чанде  пеш  раиси  ПСС  Тоҷикистон  Шариф  Саид  бо  гурӯҳи  соҳибкорони  Чин  бо  роҳбарии  муовини  директори  генералии  ширкати  «ВЕРА» — и  Чин   мулоқот  анҷом  дод.  
Тавре  ки  аз  Хадамоти  матбуоти  ПСС  ҶТ   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, мақсад  аз  сафари  ҳайати  ҶМЧ  иборат  аз  намояндагони  ассосиатсияю корхонаҳои   шаҳри  Чандуи  музофоти  Сичуан   омӯхтани   бозори  Тоҷикистон  ва  дарёфти  шарикони  фаъол  барои  фаъолият   дар  бахши   саноати истихроҷи  маъдан,  нафту  газ  ва  кимиё,  ҳамчунин  техникаи   барқӣ,  кишоварзӣ ва   корҳои  пудратӣ   мебошад.
«Ноҳияҳои  ғарбии  Чин,  Тоҷикистон ва   кишварҳои  дигари минтақа байни  худ  равобити  тиҷоратӣ  доранд. Дар  давраҳои  қадим  тоҷирони  Чину кишварҳои  минтақа  маҳсулоти  худро  бо  Роҳи  Абрешим  тавассути  Чини  Ғарбӣ ба  Аврупо  мебурданд»,  —  зикр  намуд  Шариф  Саид. Ба  гуфтаи  мавсуф  Чин  шарики   муҳими стратегии  Тоҷикистон  маҳсуб  меёбад. 
«Дар   бахши  кишоварзӣ  имкониятҳои  зиёди  ҳамкорӣ  мавҷуданд. Пахтакорӣ, боғдорию  токпарварӣ, чорводорӣ  ва ҷамъоварии  асал  феҳрасти  нопурраи   соҳаҳоест, ки   дар  онҳо  метавон  ҳамкории  муфидро  рушду густариш  дод. Соҳибкорони  Чанду  омодаанд, ки  дар  ҳудуди  Тоҷикистон  иктишофоти геологию  минералогиро анҷом дода,  корхонаҳои  муштараки  нассоҷӣ  бунёд  кунанд», —  афзуд  Шариф Саид.

Декабрь 12, 2014 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик