Азми соҳибкорони шаҳри Чандуи Чин
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Чанде пеш раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид бо гурӯҳи соҳибкорони Чин бо роҳбарии муовини директори генералии ширкати «ВЕРА» — и Чин мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз сафари ҳайати ҶМЧ иборат аз намояндагони ассосиатсияю корхонаҳои шаҳри Чандуи музофоти Сичуан омӯхтани бозори Тоҷикистон ва дарёфти шарикони фаъол барои фаъолият дар бахши саноати истихроҷи маъдан, нафту газ ва кимиё, ҳамчунин техникаи барқӣ, кишоварзӣ ва корҳои пудратӣ мебошад.
«Ноҳияҳои ғарбии Чин, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа байни худ равобити тиҷоратӣ доранд. Дар давраҳои қадим тоҷирони Чину кишварҳои минтақа маҳсулоти худро бо Роҳи Абрешим тавассути Чини Ғарбӣ ба Аврупо мебурданд», — зикр намуд Шариф Саид. Ба гуфтаи мавсуф Чин шарики муҳими стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
«Дар бахши кишоварзӣ имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ мавҷуданд. Пахтакорӣ, боғдорию токпарварӣ, чорводорӣ ва ҷамъоварии асал феҳрасти нопурраи соҳаҳоест, ки дар онҳо метавон ҳамкории муфидро рушду густариш дод. Соҳибкорони Чанду омодаанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон иктишофоти геологию минералогиро анҷом дода, корхонаҳои муштараки нассоҷӣ бунёд кунанд», — афзуд Шариф Саид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






