Ба 62 нафар донишҷў иҷозати вуруд ба Русия дода шуд
Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Дустмурод Умбаров, дар соли 2014 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 66 ҳазору 587 нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардааст.
Аз шумораи умумӣ 9509 нафар шифоҳӣ, 789 нафар хаттӣ ва 6289 нафар аз тариқи телефони боварӣ муроҷиат намудааст. Аз ин теъдод 62440 нафарашро мард ва 4147 нафарашро зан ташкил медиҳад.
«Бояд гуфт, ки ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия 11 ҳазору 863 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рўйхати мамнўъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд»,-гуфт Д. Умбаров..
Дар ин давра аз ҷониби Раёсат рўйхати 140 нафар донишҷў ва 496 нафар шаҳрванд ба унвони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мактуби расмӣ ирсол гардид.
Аз теъдоди 140 нафар донишҷў ба 62 нафари он барои ворид гардидан ба ҳудуди Федератсияи Русия иҷозат дода шуда, иҷозати 78 нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ду нафар шаҳрванди дигар низ оид ба якҷояшавии оила иҷозати дубора гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






