Ба доми фиреб афтодани сохибкори хоричӣ
Душанбе, 17.12.2014.( АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳушёрҳоҷӣ Ҳасан Фамонӣ Алиризо Аҳмад, соли таваллудаш 1977, директори ширкати Сурино, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки моҳи январи соли 2014 шаҳрванд Неъмонова Саломатхон Қурбоновна, соли таваллудаш 1973, соҳибкор, сокини кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 72 ҳазор 600 сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол пулашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, С. Неъмонова моҳи январи соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Салоҳиддин Раҷабов, соли таваллудаш 1988, соҳибкор, сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Аҳмадова Матлуба Сотиволдиевна, соли таваллудаш 1968, соҳибкор, сокини кӯчаи Фархори пойтахт муроҷиат кардааст, ки моҳи августи соли 2013 ҳамсояаш Шамсиев Парвиз Ҷалолиддинович, соли тавллудаш 1976, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро гирифта, ба ФСП-и «Аввалин бонки молиявии хурд» гузошта, аз он ҷо маблағи 500 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати 1 сол пардохт намуда, ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






