Ба пойтахт троллейбусу автобусҳо ворид шуданд

Декабрь 23, 2014 15:05

    Душанбе, 23.12.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Ба пойтахт  15  адад троллейбуси тамғаи Тролза 5275.03 “Пойтахт”, 15 адад мошинтаҷҳизоти троллейбуси тамғаи мазкур, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед” насбу барқарор гардидаанд, инчунин 50 автобуси тамғаҳои “ЛиАЗ-525653    ва 60 автобуси “ПАЗ-320402-05” ворид шуданд. Ин воситаҳои нақлиёт дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе барои истифода ба тавозуни корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба нақлиёт гузаронида мешаванд.
   Бояд тазаккур дод, ки воситаҳои нақлиёти мазкур дар асоси қарордоди қаблан басташудаи шаҳрдории Душанбе бо  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Русия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Русские Автобусы-Группа ГАЗ»-и Русия ба пойтахт ворид шудаанд.
 

Декабрь 23, 2014 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд