“Ба сўи орзуҳо бо Роҳи Бузурги Абрешим”
Душанбе, 03.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- “Ба сўи орзуҳо бо Роҳи Бузурги Абрешим”-таҳти чунин унвон аз 17-ум то 28-уми ноябри соли равон вохӯрии дӯстонаи лидерони ҷавони давлатҳои АвруОсиё дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур беш аз 50 нафар ҷавонон ва мутахассисони соҳа аз кишварҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷон доир ба мавзӯи мазкур маърӯзайнамуданд.
Дар мулоқоти мазкур ҳаиатҳои кишварҳои иштирокчӣ, ки дар баробари дастуру таҳрезиҳо ва чӣ гуна ба роҳ мондани “Роҳи абрешим” дар кишварҳои АвруОсиё, ҳамчунин аз фаъолият ва сиёсати бахшҳои Федератсияи умумичинии ҷавонон дар шаҳрҳои Сиан, музофоти Шэнсии ноҳияи мухтори Ненсия-Хуэй ва шаҳри Синзиани вилояти Мухтори Уйғурии Шинҷон низ дидору мулоқотҳо доир намуданд. Инчунин зимни сафари хеш аз якчанд корхонаи калони саноатию истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои мазкур, ки ба кишварҳои Осиё содирот доранд, дидан намуданд.
Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо 7 нафар мутахассиси соҳа намояндагӣ мекард ва онҳо маърӯзаҳои худро барои хуб ба роҳ мондани роҳи мазкур пешниҳод карданд. Ҳамчунин ҳайатҳои иштирокчӣ аз донишгоҳи хусусии Пэйхуа, Донишгоҳи байналмилалии омўзгории Шинҷон дидан намуданд ва бо донишҷӯён мулоқоти ошкоро намуданд. Ҳайати кишвар зимни сафари хеш бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин таҳсил доранд, мулоқот карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






