Баландбардории малакаи касбии кормандони АНМН
Душанбе, 30.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ мунтазам малакаи касбии худро такмил медиҳанд, дониши амалӣ ва назариявии худро бо назардошти талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мукаммал мегардонанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, дар Маркази таълимии агентӣ ҳафтаи гузашта семинари омӯзишӣ доир ба баланд бардоштани малакаи касбӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон дар чорчӯбаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26 июли соли 2014 баргузор гардид, ки дар он кормандони агентӣ бо санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва санадҳои миллӣ, ки масъалаҳои муқовимат ба савдои одамонро ба танзим медароранд, ҳамкории агентӣ бо мақомоти ваколатдор дар ин самт, инчунин бо асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон ва бозравонии қурбониён барои расонидани кумак шинос шуданд
Дар семинар ба иштирокчиён наворҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва наворҳои видеоӣ доир ба масъалаи мазкур намоиш дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






