Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ
Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати пирӯзии ҳизбатон ва муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Сарвазири Ҷопон самимона табрик ва таҳният менамоям.Мо густаришу таҳкими равобит бо Ҷопонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем ва эътиқодмандем, ки равобити васеъ ва мутақобилан судманди ду кишвар ба манфиати халқҳои ҳарду кишвари дӯст, субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон мебошад.Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷопон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуну мундариҷаи фарохтар касб менамоянд.Умедворам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо бо саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо ҷаноби Сарвазир сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Ҷопон ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






