Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Мояи хурсандии ман аст, ки ба Волоҳазрат табрикоти самимона ва орзуҳои неки бародаронаи худро ба муносибати фарорасии Иди миллии Давлати Қатар бифиристам ва ба Шумо сиҳҳатии бардавом ва ба мардуми бародари Қатар таҳти роҳбарии Шумо пешрафту шукуфоӣ орзу намоям.
Ман аз сатҳи робитаҳо ва ҳамкориҳои босамари мардумони бародари мо изҳори қаноатмандӣ намуда, ин фурсати некро ғанимат мешуморам, то бори дигар рағбати самимиамро дар идома додани кор бо Волоҳазрат баҳри таҳкими равобит ҷиҳати истиқрори амну субот ва пешрафти ҳар ду кишвар ва минтақа таҷдид намоям.
Хоҳишмандам ғояти эҳтироми маро бипазиред».








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






