Баргузории маросими супоридани кумаки техникӣ дар АНМН

Декабрь 29, 2014 16:36

Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-29 декабри соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори агентӣ Рустам Назарзода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  И.С. Лякин-Фролов ва намояндаи расмии ХФНМН Русия дар ҶТ М.  Килясханов баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот дар чорчӯбаи иҷрои Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар нисбат ба расонидани кумак ба агентӣ маъракаи супоридани мошинҳо, воситаҳои техникӣ, либосҳои низомӣ, таҷҳизот аз номи Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар гузаронида шуд. Инчунин тибқи созишнома сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ харид шуда, таъмир ва гузаронидани низоми гармидиҳии бинои маъмурии агентӣ ба анҷом расид. Директори агентӣ ба сафир ва намояндаи расмии Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари Русия барои дастгирии техникӣ сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории дуҷониба байни ду идора дар соҳаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.
И.С. Лякин-Фролов ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ишора намуда, ба кӯшишҳои агентӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.
Бояд зикр намуд, ки натиҷаи мусбати дастгирӣ дар соли 2014 миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда 18,5 % афзоиш ёфта, миқдори парвандаҳои ҷиноие, ки ба суд фиристода шудаанд, ба 15,5 % зиёд шуд. Шумораи шахсони дастгир гардида — 21,3%, шахсони ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, 15,5% зиёд гардидааст.
 

Декабрь 29, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!