Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Душанбе, 1.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва намояндагии ташкилоти байналмиллалии САҲА дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва баҳри тадбиқи амалии «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» дар маркази ҷавонони шаҳр мизи мудаввар ва чорабинии варзишию фарҳангии оммавӣ доир намуд.
Дар мизи мудаввар бо иштироки васеи фаъолзанон, ҷавондухтарон ва аҳли зиё масъалаҳои пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани фарҳангӣ оиладорӣ ва мақоми зан дар оила, таъмини баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои занон, рушди фарҳангу ҷаҳонбинии онҳо ва дигар масоили мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Зикр гардид, ки барномаи мазкур барои тадбиқи амалии баробарҳуқуқии мардону занон, ҳалли мушкилоти оилавӣ заминаи мусоид гузошта, ин ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзанд, солимгардонии оила аз ҷониби давлат мебошад.
Чорабинии фарҳангию варзишӣ мусобиқаҳои ҷавондухтаронро аз рӯи се намуди варзиш (карате, баскетбол ва шоҳмот) дар бар гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он ғолибон бо мукофотҳои хотирави қадрдонӣ шуданд.
Баргузории чорабинии мазкур заминае буд барои ҷалби ҷавондухтарон ба варзиш, фаъолгардонии онҳо, тақвият бахшидан ба хештаншиносӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ташвиқи сиёсати давлат дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила.
Ҳамзамон дар Коллеҷи омӯзгорӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази занон дар байни донишҷӯдухтарон оид ба масъалаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ баргузории чорабиниҳои оммавиро дар байни ҷавондухтарон ва занон идома хоҳад дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






