Баррасии ҳолат ва рушди соҳаи кишоварзӣ

Декабрь 25, 2014 11:16

Душанбе, 25.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси раёсати илм ва кафедраи иқтисод ва идораи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) 23 декабри соли равон дар мавзӯи «Ҳолат ва рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти озуқаворӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Ваҳҳоб Воҳидов, профессори кафедраи иқтисод ва идораи ДМИТ ҳолати кунунии соҳаи кишоварзии кишварро бо маълумотҳои дақиқ мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки соҳаи кишоварзӣ соҳаи муҳими истеҳсолоти моддӣ мебошад. Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ дар натиҷаи таҷдиди колхозу совхозҳо ва дар заминаи онҳо ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ даромаднокии истеҳсолоти соҳаи кишоварзиро таъмин мекунанд, илова намуд мавсуф.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов бо истифода аз маълумоти оморӣ иброз дошт, ки дар соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 16756,6 млн. сомониро ташкил намуд, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 11502,5 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 5254,1 млн. сомонӣ, вале ин барои таъмини амнияти озуқавории кишвар басанда нест. Дар айни замон 17 барномаи рушди соҳа тарҳрезӣ шудааст, ки татбиқи онҳо моро барои наздик шудан ба ҳадафи стратегиамон оварда мерасонад.
Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагони соҳа мушкилоти кишоварзонро бо овардани мисолҳои амалӣ баррасӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро пешниҳод намуданд.
 
 
 

Декабрь 25, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд