Баррасии фаъолияти гурўҳҳои пилотӣ дар семинари омӯзишӣ

Декабрь 25, 2014 12:14

Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дирўз, 24-уми декабри соли 2014 тибқи Фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июни соли 2014 дар бораи тартиби фаъолияти 15 шаҳру ноҳияҳои гурўҳҳои пилотӣ  ва нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти гурўҳҳои пилотӣ дар самти омода кардани касбҳои коргарӣ ва омўзиши забонҳо дар маҷлисгоҳи  Хадамоти муҳоҷират семинари омўзишӣ ва дарсҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон баргузор гардид.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев дар бораи 15 шаҳру ноҳияи пилотӣ ва иштироки онҳо дар семинари мазкур, инчунин дар бораи тамоми паҳлўҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ, экологӣ, ихтиёрӣ ва дигар самтҳои он сухан гуфт. Дар таърихи навини Тоҷикистон бори нахуст аст, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти онҳо дар Парлумон ба баррасӣ кашида мешавад ва рўзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ муҳокимаи парлумонӣ доир ба иҷрои «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011- 2015» сурат гирифт.
То кунун бо Федератсияи Русия 5 лоиҳаи созишнома оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар комиссияҳои байниҳукуматӣ мавриди арзёбии тарафҳо қарор дода шуд. Тибқи низомномаи Хадамоти муҳоҷират бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоърасонӣ дар байни аҳолии кишвар  аз масъалаҳои асосӣ ва умда ба шумор меравад. 
Сардори Хадамоти муҳоҷират дар семинар оид ба масъалаҳои омўзиши забони русӣ ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таълимӣ таъкид намуд.
Ҳамчунин доир ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ сухан гуфт.
 Мавсуф зикр кард, ки тибқи омори охирини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз 7 нишондоде, ки дар соли 2014 пешниҳод гардидааст, дар муқоиса бо соли 2013 як қатор дастоварҳо ва пешравиҳо ба даст омадаанд. Ин  шаҳодат аз он медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳию иттилоърасонӣ тавассути гурўҳҳои корӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо таъсир худро гузошта ва бояд боз ҳам корҳо дар ин самт пурзўр карда шаванд, зеро, аз 1-уми январи соли 2015 супоридани тест аз забони русӣ ва таърихи ФР, инчунин сафар намудан бо шиносномаҳои хориҷӣ ба таври ҳатмӣ ва зарурист.
Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов доир ба Фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, шарҳи саволномаҳои тасдиқгардидаи Хадамоти муҳоҷират оид ба 15 шаҳру ноҳияи пилотӣ ва таклифу пешниҳодот дар ин самт суҳбат намуд.
Семинари омўзишӣ имрӯз низ  идома дошта, қарор аст мавзўъҳои қабул ва маслиҳатдиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои таҳия ва пешниҳоди намунаи ҳисоботҳои оморӣ  оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳлил ва ҷамъбасти ҳисоботҳои зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти  муҳоҷирати меҳнатӣ, навововариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ байни корфармо ва коргар, инчунин гирифтани Патент ва Сертификат, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дар он баррасӣ хоҳанд гашт. 

Декабрь 25, 2014 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд