Баррасии фаъолияти JICA ва соҳаҳои ояндаи ҳамкорӣ
Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар назар аст, ки 10-уми декабри соли ҷорӣ ҷамъомади муштараки JICA бо вазорату идораҳои соҳавӣ баргузор гардад.
Дар доираи омодагӣ ба ин ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Буриев бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Сузуки Казуя доир гардид.
Зимни мулоқот тақвияти ҳамкории судманд байни Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба курсҳои омӯзишии JICA бештар фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, татбиқи барномаҳои дигари муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод чунин чорабинии муҳим дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида мешавад ва дар он фаъолияти ҷории JICA ва соҳаҳои ояндаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






