Баррасии Лоиҳаи зидди маводи нашъаовар аз ҷониби СММ
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон бо муовини сардори хадамот полковник Тоҳирҷон Нуров баргузор гардид.Дар ҷараёни вохӯрӣ мавзӯи тақвият бахшидани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар вохӯрӣ сафири Япония Камада Такаши, роҳбари намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Хоҷиғулом Сарязди, намояндагони Лоиҳаи ХАС/К22, намояндагони расмии мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори кишвар иштирок карданд.Аз тарафи Лоиҳаи ХАС/К22 ва намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ба се дидбонгоҳи сарҳадии Қарамиқи ноҳияи Ҷиргатол Қизил-арти ноҳияи Мурғоб ва Панҷи поён таҷҳизоти зарурии техникӣ, аз қабили компютер, асбобҳои аксбардорӣ ва наворбардорӣ, ду адад нақлиёти сабукрав ва дигар таҷҳизоти зарурӣ тақдим шуданд.Ёддовар мешавем, ки лоиҳаи ХАС/К22 аз соли 2009 инҷониб фаъолият дошта, барномаҳои худро бо унвони «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мустаҳкамгардонии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ» аз тариқи сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пиёда месозад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






