Баррасии масоил оид ба интиқоли гази табиӣ
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-1 декабри соли 2014 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо намояндагони ширкати «Trans-Najik Gas Pipeline Compani Limited» вохўрӣ намуд. Дар вохўрӣ масъалаҳои экологии марбут ба сохтмони хати интиқоли гази табиии Ҷумҳурии Туркманистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки дарозии хати газгузари мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 410 км-ро ташкил дода, аз ҳудуди ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Қиризистон мегузарад. Дар вохўрӣ ҷонибҳо доир ба таъсири арзёбӣ ба муҳити зист ҳангоми интиқоли хати мазкур ва масъалаҳои дигари ҳалталаби марбута, ки бояд бо риояи талаботи экологӣ сурат бигиранд, табодули афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






