Баррасии мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Бо ташаббуси раёсати минтақавии маънавӣ ва маъмурии вилояти Самара дар шаҳри Самара форуми «Давлат, ҷамъият, дин: масоили мутобиқшавии муҳоҷирони ИДМ дар вилояти Самара» баргузор гардид.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Чумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия иттилоъ доданд, дар кори форум намояндагони хадамоти муҳоҷират, намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ЧТ дар ФР оид ба муҳоҷират, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ , аҳли дин ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни форум масоили муҳими мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон аз кишварҳои иттиҳод дар вилояти Самараро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки яке аз омилҳои муҳими мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон дар ҷомеа донистани забон ,анъанаҳои маҳаллӣ ва урфу одатҳои ҷонибҳои пазиранда мебошад. «Барои ин ҳамкории зич ва ҳамкории мақомотҳои давлатӣ , ҷамъиятӣ ва аҳли дин зарур аст»,- қайд намуданд иштирокчиёни чорабинӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






