Баррасии омӯзиши забони русӣ дар Душанбе
Душaнбе, 8.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта дар филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ (Донишгоҳи хӯла ва пӯлоди Маскав) дар шаҳри Душанбе, тибқи лоиҳаи «Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» семинари дурӯза доир шуд. Самти асосии лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани омӯзиши забони русӣ ва бо тарзи наву устувор ба роҳ мондани он дар донишгоҳу донишкадаҳо, омода кардани донишҷӯёну довталабони хориҷӣ ва ҳамчунин бо усули ҷадиду технологияи ҳозира омӯзонидани забони русӣ дар мактабҳои миёнаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони муошират эътироф шудааст. Имрӯзҳо омӯзиши ин забон дар беш аз 166 мактаби миёна ба роҳ монда шудааст, ки аз ин шумора дар 44- тояш тадриси он дар сатҳи олӣ сурат мегирад. Аз ин хотир дар семинари мазкур омӯзгорони мактабҳои миёна, устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва инчунин мутахассисони соҳаи маориф иштирок карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






