Баррасии таъсиси меҳмонхонаҳо барои сайёҳони саргузаштӣ

Декабрь 4, 2014 10:52

Душанбе, 04.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо гурўҳи коршиносони Коорпаратсияи байналмилалии молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар бахши туризм баҳри таҳлили фаъолияти соҳибкории меҳмонхонаҳо ва рушди ҳамкории минбаъда дар ин соҳа мулоқот намуд. 
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни вохўрӣ Аҳтам Абдуллозода ба коршиносони Бонки ҷаҳонӣ Камал Баракат ва Эсин Йилирим имкониятҳои туристии Тоҷикистонро вобаста ба таъсиси бизнеси меҳмонхонавӣ ва қабули бештари сайёҳони саргузаштӣ дар ҷойҳои дурдасти кишвар ва Шоҳроҳи бузурги Абрешим бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон, сармояи баргардонидашуда арзёбӣ намуда, бонки мазкурро барои дастгирии ин лоиҳа дар Тоҷикистон даъват намуд. 
Гуфта мешавад, коршиносони байналмилалӣ имкониятҳои туристии кишварро оняндадор арзёбӣ намуда, эътимод ба ҳамкории минбаъда ва таҳлили амиқи натиҷаҳои сафарро умедворкунанда арзёбӣ намуданд. 
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст дар ояндаи наздик чунин меҳмонхонаҳо дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим сохта ва заминаи асосии ҷалби сайёҳон, ба ҳам овардани фарҳанги миллатҳо боис мегардад.

Декабрь 4, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд