Беҳдошти некӯаҳволии аҳолии деҳот
Душанбе, 05.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон ).- 4 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани Санади лоиҳавӣ баргузор гардид, ки мақсад аз он беҳдошти некӯаҳволии аҳолии нуҳ ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳуҷҷати зикршударо муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод ва раиси иҷроияи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимас Шимомура имзо карданд.
Ин чорабинӣ аз рӯи натиҷаи имзои Созишномаи байни Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Федератсияи Русия ба манзури иҷрои лоиҳаи «Беҳдошти некӯаҳволии аҳолии деҳоти нуҳ ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ шуд. Лоиҳаи мазкурро, ки хароҷоти он 6 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ намуда ва онро Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамкории зич бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи се сол дар амал татбиқ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун яке аз шарикони асосии Барномаи рушди СММ ба иҷрои лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба таври фаъол ҷалб карда мешавад.
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода, лоиҳаи мазкур идомаи ибтикороти барномаи рушди деҳот аст, ки тавассути Барноми рушди СММ дар амал татбиқ мешавад.
«Ҳадафи барнома иборат аз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, беҳдошти вазъи тиҷорат ва тақвият бахшидани соҳибкорӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст», — гуфт вазир.
Ғайр аз ин лоиҳа ба татбиқи дастурҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарҳрезии барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад. То имрӯз вазорат якҷоя бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимият ва дастгирии Барномаи рушди СММ барномаи рушди 47 шаҳру ноҳияҳои кишварро тарҳрезӣ кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






