Беҳтаринҳои варзиш-2014 киҳоянд?

Декабрь 20, 2014 12:16

Душанбе, 20.12.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). — Имрӯз, 20-уми декабр Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари тоҷик дар соли 2014 эълон кард.
Анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон (АЖРВТ) дар як ҳамоиши хабарнигорони соҳа, ки рӯзи шанбеи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, даҳ варзишгари беҳтарини кишварро дар соли 2014 эълон намуд. 
Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол гардид. Вай имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва барои бори севум ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд. 
Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол инчунин инҳо дохиланд:
ЗАЛИМХОН ЮСУПОВ (гӯштини озод)- ҷойи 2-юм дар вазни то 65 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
ФАРҲОД НЕЪМАТОВ (таэквондо ВТФ) — ҷойи 3-юм дар вазни то 80 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
 АЛИШЕР ГУЛОВ (таэквондо ВТФ) — ҷойи 3-юм дар вазни + 87 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
МОҲРӮ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) — ҷойи 3-юм дар вазни +73 кг дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ.
КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН (дзюдо)- ғолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Остонаи Қазоқистон.
ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ (самбо) — ҷойи 2-юм дар вазни то 62 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойи 1-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд.
АКМАЛИДДИН КАРИМОВ (самбо) —  ҷойи 3-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Япония, ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар Гран-при дар Русия, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Булғористон.
МУҲАММАДМУРОД АБДУРАҲМОНОВ (кураш)- ҷойи 1-ум дар вазни +90 кг дар  Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Тайиланд.
АКМАЛ ҚОДИРОВ (армрестлинг)- ҷойҳои 1-ум ва 3-юм дар вазни +90 кг дар  чемпионати ҷаҳон байни маъюбон дар Полша (Лаҳистон).
Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.
“Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон дар соли 2014 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст. Инчунин имсол ягон варзишгари тоҷик дар чемпионати Осиё дар риштаҳои олимпӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст наёфтааст,” — иброз дошт Н. Латифов.
 
 
 
 
 

Декабрь 20, 2014 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд