Беэҳтиётӣ бо фоҷиа анҷомид
Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- Дирӯз соати 20:20 дақиқа ронандаи мошини тамғаи «Opel-Astra”, шаҳрванд Маҳмадулло Азимов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «DongFeng», таҳти идораи шаҳрванд Шамсиддин Одинаев, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда М. Азимов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили мошини “ Opel-Astra ” шаҳрванд Сино Азизов, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ваҳдат ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






