Беш аз 1 миллиард сомонӣ барои буҷети соли 2015
Душанбе, 30.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷараёни иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум, ки ҳафтаи гузашта баргузор гашт, панҷ масъала мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор гирифт. Дар ҷараёни иҷлосия асосан ҳисоботи раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли равон ва қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2015 баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни иҷлосия таъкид шуд, ки соли 2014 барои вилояти Суғд аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли бобарор ба ҳисоб рафта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди бемайлони самтҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят таъмин гардидааст. Дар ин давра таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба кор андохтани коргоҳҳои бузурги мавҷудаи саноати сабуки вилоят, бунёд ва сохтмони як силсила иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ғайра баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят мусоидат намуд.
Аз ҷумла, дар қаламрави вилоят ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 40 маркази омӯзишӣ ва 171 маҳфил таъсис шудааст. Ҳамчунин то ба имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 164 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ бо фарогирии беш аз 3000 ҷои нави корӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар доираи соли роҳҳои обод дар вилоят ҳолати 2826 километр роҳҳо беҳтар шуда, сохтмони як силсила иншооти бузург идома дорад. Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ имкон дод, то деҳқон соҳиби ҳақиқии замин гардида, баҳри боло бардоштани ҳосилнокӣ ва зиндагонии худ ҷаҳду талош варзад.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки дар давоми 11 моҳи соли равон нақшаи даромади буҷети давлатӣ 104 дарсад таъмин гардидааст, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 41 миллион сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 199 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят ба мабалағи умумии 229,7 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба зиёд мебошад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас вобаста ба барқарор намудани коргоҳҳои бузурги саноати сабук, ба кор андохтани корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 3,4 миллиард сомонӣ таъмин гардид, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 787,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин афзуд, ки барои таъмиру таҷдид ва навсозии иншооти гуногунсоҳа. аз қабили сохтмон ва таъмири муассисаҳои маорифу тандурустӣ, бунёди як зумра иншооти бузург аҳмияти махсус зоҳир гардида, дар қаламрави вилоят 21 иншооти соҳаи маориф таъмиру навсозӣ гардид. Дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду сохтмони муассисаҳои фарҳанг идома дошта, дар як силсила шаҳру навоҳӣ сохтмони қасри фарҳанг ҷараён дорад. Инчунин дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ таҷдиди боғи Камоли Хуҷандии маркази вилоят идома дошта, ба дашти Сомғор об бароварда шуд.
— Дар маҷмӯъ аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ин давра нисбат ба нишондиҳандаҳои 11 моҳи соли 2013 барзиёд таъмин гардида, ба рушди бонизом ва босуръати ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд, — афзуд раиси вилоят.
Вобаста ба буҷети давлатии вилоят сардори Сарраёсати молияи вилоят зикр дошт, ки қисми даромади буҷети вилоят барои соли оянда 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣ қабул карда шавад, ки ин нисбат ба буҷети соли 2014 15,8 дарсад зиёд мебошад. Дар қисми хароҷоти буҷет асосан ба дастгирии соҳаи иҷтимоии вилоят аҳмияти авалиндараҷа дода шуда, ба ин самт 82 фоизи маблағҳо равона хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 595,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 304,3 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,9 миллион сомонӣ ва ғайра.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд






