БМТ: пастравии қурби сомонӣ аз таъсири омили берунӣ
Душанбе, 16.12.2014.(АМИТ «Ховар»). — Таъмини фаъолияти бонизому устувори бозори дохилии асъор вазифаи ҳамарӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои иҷрои он тадбирҳои заруриро меандешад. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, барои муътадил ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари давом додани сиёсати имрӯзаи қурби асъор андешидани тадбирҳои дигар, аз қабили зиёд намудани истеҳсоли молҳои босифату дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат зарур аст. Зарур аст, ки дар сиёсати берунии иқтисодии кишвар, бахусус дар бахши ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар робита ба маҳдуд кардани воридоти молҳои хориҷие, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ истеҳсол мешаванд, қарорҳои марбута қабул шаванд. Пастравии қурби сомонӣ дар бозори нақдӣ дар ин давра зери таъсири омили беруна-буҳрони сиёсию иқтисодӣ, молиявию асъории ҷаҳонӣ ва бад шудани вазъи иқтисодию молиявии шарики асосии савдои хориҷии мо — Русия мебошад. Ин ҳолат ба кам шудани воридоти маблағи умумии интиқолҳои шахсони воқеӣ аз хориҷа, бахусус арзиши долларии он, ки он асосан барои воридот истифода мешавад, сабаб гашта, моҳҳои охир шиддат ёфт. Раванди мазкур сабаби асосии якбора зиёд шудани талабот ба доллари нақд гашта, мувозинати бозори нақдиро барҳам зад. БМТ омили дигари пастравии қурбро дар афзоиши устувори ҳаҷми воридоти молу мавод ва кору хизматрасонӣ дар оғози сол ва фарорасии тирамоҳ мебинад. Касри калони манфии тавозуни савдо бо манфӣ шудани бақияи ҳаҷми умумии маблағҳои асъории ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва аз ҷумҳурӣ содиршаванда дар 10 моҳи соли равон сабаб шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






